Муовини директори генералии

ЧДММ “ОКСУС ХОЛДИНГ”

734003 Ҷумҳурии Тоҷикистон,

ш. Душанбе, х. Рӯдаки 127

тел.: +992555555082

e-mail: oxus.holding@mail.ru

Халил Каримов

МАЪЛУМОТИ ШАХСӢ

Ному насаб: Халил Каримов

Суроға: кӯчаи Тӯрақул Зеҳнӣ 10, н. Шоҳмансур, ш. Душанбе, Тоҷикистон, 734013

Телефон: (+992) 933-011-014. (+43) 664-537-7053

E-mailkhalil.karimov@gmail.com

Миллат: Тоҷик

Таърихи таваллуд: 11.05.1989

МАЪЛУМОТИ ОЛӢ ВА ОМӮЗИШҲО

1.       Донишгоҳи захираҳои табиӣ ва улуми ҳаётӣ (BOKU), Институти биологияи ҳайвоноти ваҳшӣ ва идоракунии ҳайвоноти шикорӣ (IWJ), Вена, Австрия

Таърих: 2013-2018

Суроға:  Кӯчаи Грегор Менден Ҳаус 33, 1180, Вена
Соҳаи дарс: Магистри улмҳо дар бахши Экологияи ҳайвоноти ваҳшӣ ва идоракунии он.
Мазмунҳои асосӣ: Барномаи дарсии магистри дар бахши  “Экологияи ҳайвоноти ваҳшӣ ва идоракунии он” дар донишгоҳи BOKU  асосан ба экология, идоракунии пистондорон ва парандаҳо дар доираи истифодаи устувори онҳо (яъне, шикор, моҳигирӣ, ва ҳифзи табиат, сайёҳӣ, кишоварзии устувор ва ҷангалпарварӣ, идоракунии об, банақшагирии истифодаи замин ва ғайра) диққат медиҳад. Инҳо аслан он намуди ҳайвоноти дар зери хатар қарор дошта ва навъҳои ҳифозатшуда ва даранда, ки эҳтимоли бархурди сахт доранд мебошанд. Илова ба тадқиқоти асосӣ оид ба интихоби макони зисти ҳайвоноти ваҳшӣ, экологияи таъмини хӯрока ва саршумори ҳаракаткунанда, барномаи дарсӣ ба ҷанбаҳои амалии вобаста ба таҷрибаҳои идоракунӣ ба мисли мафҳуми мониторинг, нақшаҳои идоракунӣ, шикори устувор ё пешгирии зарарҳои расонидаи ҳайвоноти ваҳшӣ диққати махсус медиҳад.

Мавзӯи рисолаи илмӣ: “Вокунишҳои бабри барфӣ, гургҳо ва ҷуфтсумони ваҳшшӣ ба чарогоҳи чорвои хонагӣ дар минтақаи сахт муҳофизатшудаи Зоркул”.

1.       Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шотемур

 

Таърих: 2006 – 2011

 

Суроға: кучаи Рӯдакӣ 146, Душанбе, 734003, Ҷумҳурии Тоҷикистон.

 

Маълумот: Диплом дар Илмҳои ветеринарӣ.

 

Мазмуни асосӣ: Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ягона институти таълимӣ ва тадқиқотӣ дар Тоҷикистон мебошад, ки ба улуми байторӣ диққат медиҳад. Барномаи бакалавра дар бахши илмҳои байторӣ дар заминаи тамоми усули лозим барои касби байторӣ таълими назариявӣ ва амалӣ пешниҳод мекунад. Барнома тарзе  таҳия шудааст, ки маълумоти асосии пурраро дар тамоми баҳши тибби бойторӣ пешниҳод намуда ва малакаи зарфияти ҳалли мушкилотро тавассути дастурамалҳои амалӣ осон мегардонад.

 

Мавзӯи кори дипломӣ: “Таҷрибаи бойторӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”.

 

 

МАҲОРАТҲО ВА ТАҶРИБАҲО

 

Забонҳо:

 

Забони модарӣРусӣ ва тоҷикӣ

 

Забонҳои дигар:

Англисӣ: фаҳмидан, гап задан ва навиштан дар сатҳи оли

Олмонӣ. фаҳмидан, гап задан ва навиштан дар сатҳи оли

Форсӣ/Дарӣ: Хуб

 

Маҳоратҳои ташкилотӣ ва идоракунӣ:

 

·         Банақшагирии лоиҳа, банақшагирии буҷа ва ҷамъоварии маблағ

·         Роҳбарии гурӯҳ

·         Амалисозии лоиҳа ва идоракунии ҳаррӯзаи кормандон ва идоракунии амалисозӣ

·         Навиштани ҳисоботи илмӣ ва расмӣ ва нашри он, презентатсия ва омодакунӣ.

·         Ҳисоботи техникӣ, маъмурӣ ва молиявӣ

 

Маҳоратҳои техникӣ:

 

·         Дониши биологӣ ва экологӣ – Таҷрибаи амалии 10 солаи кор дар кӯҳҳои Осиёи Марказӣ (асосан Тоҷикистон ва Қирғизистон), ман дар заминаи экологияи навъҳои ҳайвоноти ваҳшии Осиёи Марказӣ дониши хуб дошта, мураккабии экологӣ, талаботи ҳифз ва равишҳои нисбати онро мефаҳмам. 

·         Дониш ва таҷриба дар заминаи идоракунии захираҳои табиӣ, махсусан дар заминаи истифодаи устувори ҳайвоноти ваҳшӣ, экотуризм, ва идоракунии чарогоҳҳо барои чорвои хонагӣ ва ҳайвоноти ваҳшӣ

·         Таҷрибаи муваффақ дар ташкили муҳофизатгоҳҳои ҳайвоноти ваҳшӣ дар сатҳи маҳаллҳо дар Тоҷикистон ва истифодаи устувори захираҳои табиии онҳо.

·         Ошноӣ бо қонунҳо оид ба ҳифз ва идоракунии захираҳои табиӣ дар Тоҷикистон ва кишварҳои ҳамсоя.

·         Собиқаи тасдиқшудаи кор бо ташкилотҳои хориҷӣ бо таваҷҷуҳи махсус ба ҳифзи гуногунии биологӣ ва идоракунии захираҳои табиӣ.

·         Ошноӣ бо шартномаҳо ва конвенсияҳои байналмилалӣ оид ба муҳити зист ва татбиқи онҳо, махсусан CITES,  CMS ва CBD.

Дигар маҳоратҳо ва таҷрибаҳо:

 

  • Маҳорати музокират дар вазъиятҳои душвор ва таҷрибаи муваффақ дар заминаи кор бо кормандони расмии баландмақом, ниҳодҳои давлатӣ, ташкилотҳои ҷомеаи маданӣ, шарикони хусусӣ ва ҷомеаҳо.
  • Тавоноии кор дар муҳити тағйирёбанда ва аз ҷиҳати этникӣ мураккаб, бо гурӯҳҳои байналмилалӣ ва маҳдудияти замонӣ.
  • Маҳорати хуби муошират ва коммуникатсия, бо дониши хуби забонҳои русӣ ва англисӣ ва инчунин забони тоҷикӣ ва олмонӣ.
  • Таҷриба дар ҷамъоварии маблағ ва собиқаи бомувафаққият ҷалб кардани донорҳои хусусӣ барои маблағгузории ҳифз (тафсилот дар сурати лозим пешниҳод мегардад).
  • Тамоми барномаҳо ва нармафзори компютер (Word, Excel, Power Point etc.), барномаҳои видеоӣ.
  • Имконияти хуби босуръат шинос шуда бо кор ва вазифаҳои нав.
  • Таваҷҷуҳ ба натиҷа бо таъсир ба мӯҳлати муқаррарнамудаи ҳадафҳо ва мақсадҳо.
  • Шаҳодатномаи ронандагӣ.

ТАҶРИБАИ КОРӢ

  1. Гурӯҳи мутахассисони истифодаи устувор ва воситаҳои зиндагии Иттиҳодияи байналмилалии ҳифзи табиат CEESP / SSC

Таърих: 1.10.2018-то имрӯз. (фаъолияти ройгон)

Ҳадафҳо: Гурӯҳи мутахассисони истифодаи устувор ва воситаҳои зиндагии Иттиҳодияи байналмилалии ҳифзи табиат (IUCN) як шабакаи ҷаҳонии иборат аз мутахассисон мебошад, ки вобаста ба истифодаи устувор ва воситаҳои зиндагӣ машваратҳои дурусту боэътимод пешниҳод намояд.

Суроға: Дафтари марказии ИБҲТ (IUCN) Гланд, Шветсария.

Вазифа: раиси Гурӯҳи мутахассисони истифодаи устувор ва воситаҳои зиндагии барои  

               Осиёи Марказӣ

Фаъолиятҳои асосӣ:

  • Ташкил кардан, сафарбар ва роҳбарӣ намудани гурӯҳ.
  • Шарик сохтани маълумот бо аъзо.
  • Дастгирии аъзо дар ҳар мавзӯи вобаста ба истифодаи устувор ва воситаҳои зиндагӣ.
  • Ба институтҳо/ташкилотҳо/ташкилотҳои ҷомеаи маданӣ оид ба масъалаҳои вобаста ба истифодаи устувор ва воситаҳи зиндагӣ дар Осиёи Марказӣ машварат додан.
  • Дастгирии раиси гурӯҳи истифодаи устувор ва воситаҳи зиндагӣ ва  кумитаи роҳбарии истифодаи устувор ва воситаҳи зиндагӣ  дар сатҳи ҷаҳонӣ.
  • Дастгирии бароиташкили маҷлисҳои гурӯҳи истифодаи устувор ва воситаҳи зиндагӣ дар сатҳи минтақа ва байналмилалӣ.
  • Иштирок дар нишасту ҷаласаҳо аз номи гурӯҳи истифодаи устувор ва воситаҳи зиндагӣ бо мақсади боло бурдани мароми асосии гурӯҳи истифодаи устувор ва воситаҳи зиндагӣ  ва кӯмак намудан барои якҷо кардани равишҳои ҳифзи истифодаи устувор  бо нақшаҳои идоракунии табиат.
  1. Ассотсиатсияи муҳофизони табиати Тоҷикистон(АМТТ)

Таърих: 11.10.2016-то имрӯз.

Ҳадафҳо: АМТТ  як иттиҳодияи ташкилотҳои ғайридавлатии ҳифзи табиат дар сатҳи маҳал мебошад. Ин иттиҳодияи ҷамъиятӣ ба ҳифзи навъзҳои ҳайвоноти ваҳшӣ дар Тоҷикистон аз тариқи равишҳои илм, идоракунии ҳайвоноти ваҳшӣ дар сатҳи маҳал ва истифодаи устувор (яъне, шикори устувор)машғул мебошад.  

Суроға: Деҳаи Даршай, ҷамоати Шитхарв, н. Ишкошим, ВМКБ, Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Вазифа: Мушовири илмӣ ва техникӣ.

Вазифаҳои асосӣ:

  • Машварату маслиҳат додан ба стратегияҳои АМТТ вобаста ба ҳифз ва идоракунии ҳайвоноти ваҳшӣ.
  • Боло бурдани малакаи ташкилотҳои аъзои АМТТ.
  • Амалӣ намудани лоиҳаҳои ҳифз бо ташклилотҳои шарик: ZGAP, NABU, CIC, WSF.
  • Иртибот бо ҳукумат ва якҷо кардани чораҳои ҳифз бо Стратегияи миллӣ оид ба гуногунии биологӣ ва нақшаи амал ва дигар сиёсатҳои миллӣ ва конвенсияҳои байналмилалӣ .
  • Боло бурдани обруи АМТТ ва фаъолиятҳои он дар сатҳи кишвар ва байналмилалӣ.
  • Ташкил намудани шарикии тиҷоратии дарозмуддат байни бахши хусусӣ ва ташкилотҳои узви АМТТ.
  • Таҳияи пешниҳодҳои лоиҳа барои ташкилотҳои узви АМТТ.
  • Ҷамъоварии маблағ барои лоиҳаҳои ҳифз ва боло бурдани зарфият.
  • Амалӣ сохтани лоиҳаи ҳифзи бабри барфӣ “Ганҷҳои нопадидшуда” (UNEP/ҳукумати Люксембург).
  1. Институти Зоология ва Паразитологияи назди Академияи Илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Таърих: 2016 – 2018

Ҳадафҳо: Амалисозии тадқиқот ва таълими институти давлатӣ дар соҳаи зоология ва паразитология.

Суроға: 734025, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Вазифа: Ходими илмии калон, шӯъбаи пистондорони калон.

Фаъолиятҳои асосӣ:

  • Пеш бурдани тадқиқот оид ба бузҳои кӯҳӣ, бабри барфӣ ва кафтор(гиена).
  • Банақшагирӣ, ва таҳияи нақшаҳои амали ҳифз барои ин навъҳо.

 

  1. ТҒДПантера

Таърих: 2014 – 2016

Ҳадафҳо: Ташкилоти байналмилалии ғайритиҷоратӣ, аз кишвари ИМА, ки барои ҳифзи гурбаҳои калон ва экосистемаи онҳо дар саросари ҷаҳон фаъолият мекунад.

Суроға:  Пантера, кӯчаи 8 West 40th,  ошёнаи 18, Ню Йорк, 10018, ИМА.

Вазифа: Тадқиқотчии калон/ ҷонишини директор, барномаи бабри барфӣ дар Тоҷикистон (Душанбе ва Хоруғ).

Фаъолиятҳои асосӣ:

  • Пеш бурдан ва идора кардани барнома.
  • Пеш бурдан ва гузаронидани тадқиқот оид ба бабри барфи.
  • Ҳалли ихтилофҳои одамон-ҳайвоноти ваҳшӣ
  • Дастгирии ҳифзи бабрҳои барфӣ дар минтақаҳои муҳофизатшудаи Тоҷикистон.
  • Навиштани ҳисобот/таҳияи стратегияҳои ҳифз.
  • Боло бурдани барнома дар сатҳи кишвар ба байналмилалӣ
  1. Барномаи минтақаавии GIZ оид баИстифодаи устувори захираҳои табиӣ дар Осиёи Марказӣ”

Таърих: 2012–2013

Ҳадафҳо: Як ширкати машваратӣ, ки бахшҳои “идоракунии ҳайвоноти ваҳшӣ” барномаи минтақавии GIZ  дар Тоҷикистон аз номи ҳукумати Олмон ва Иттиҳоди Аврупо амалӣ мекунад..

Суроға:  Кӯчаи Назаршоев, Хонаи Олмон, 734042 Душанбе, Тоҷикистон (GIZ).

Вазифа: Биологи саҳроӣ

Фаъолиятҳои асосӣ:

  • Пеш бурдани тадқиқоти ҳайвоноти ваҳшӣ дар Тоҷикистон ва Қирғизистон, аз ҷумла тадқиқот оид ба ҷуфтсумони кӯҳӣ ва тадқиқоти насби камераҳои назоратӣ.
  • Боло бурдани зарфиятҳои ТҒД ҳифзи ҳайвоноти ваҳшӣ дар сатҳи маҳалҳо ва ширкатҳои хурд дар Тоҷикистон ва Қирғизистон.
  • Таҳияи нақашаҳои идоракунӣ барои муҳофизатгоҳҳо.
  • Ҳамкорӣ бо ниҳодҳои ҳукуматӣ оид ба ҳифзи ҳайвоноти ваҳшӣ байнимарзӣ дар Тоҷикистон ва Қирғизистон.
  1. ТҒД “Гурӯҳи муҳофизони табиатбарои барномаи минтақавии GIZИстифодаи устувори захираҳои табиат дар Осиёи Марказӣ”

Таърих: 2010–2012

Ҳадафҳо: ТҒД  аз тарафи GIZ  идора карда мешавад, ки бахши барномаи “Идоракунии ҳайвоноти ваҳшӣ” барномаи минтақавии GIZ  дар Тоҷикистонро аз номи ҳукумати Олмон амалӣ мекунад.

Суроға:  кӯчаи Бухоро 24, 734042 Душанбе, Тоҷикистон.

Вазифа: Биологи саҳроӣ ва мобилайзери ҷомеа

Фаъолиятҳои асосӣ:

  • Сафарбар кардан мардуми маҳалӣ, кӯмак намудан ба онҳо барои таъсиси ташкилотҳои маҳалӣ барои ҳифзи ҳайвоноти ваҳшӣ  ва муайян кардани минтақаҳои муносиби идоракунии ҳайвоноти ваҳшӣ.
  • Боло бурдани зарфият барои ТҒД маҳаллӣ ҳифзи ҳайвоноти ваҳшӣ ва ширкатҳои хурд дар Тоҷикистон.
  • Гузаронидани тадқиқот оид ба ҳайвоноти ваҳшӣ дар Тоҷикистон, аз ҷумла тадқиқот оид ба ҷуфтсумони кӯҳӣ ва гузоштани камераҳои назоратӣ барои пайгирӣ.
  • Иштирок дар барномаи WCS ду суи марзи “Як саломатӣ” дар Тоҷикистон, арзёбии бемориҳои гузарандаи чорвои хонагӣ, ки дар ҳудуди зисти ҳайвоноти ваҳшӣ зиндагӣ мекунанд.
  • Саҳм гузоштан ба нақшаҳои идоракуӣ барои ҳифз
  • Ҳамкорӣ бо ниҳодҳои давлатӣ (маҳаллӣ ва марказӣ) вобаста ба ҳифзи ҳайвонот.

 

  1. Фермаи органикӣ „Landwirtschaft und Oekologisches Gleichgewicht mit Osteuropa (LOGO e.V.)“ Олмон

Таърих: 2009–2010

Ҳадафҳо:  Фермаи экологӣ дар Олмон

Суроға: Schwarzer Weg 35 49536 Лиенен, Олмон

Вазифа: Таҷрибаомӯз

Фаъолиятҳои асосӣ:

  • Нигоҳубини бойтории аспҳо, говҳо ва хукҳо дар фермаи органикӣ.
  • Истифодаи равишҳои органикӣ барои боло бурдани саломатии ҳайвонҳои ферма.
  • Иштирок дар идоракунии фермаи органикӣ.
  • Хурок додан, тоза кардан, корҳои гуногун дар ферма.

ИШТИРОК ДАР ЧОРАБИНИҲОИ ГУНОГУН

  • 2019 Маҷлиси Ташкилотҳои ҷамъиятии ҳифзи Бунёди Гӯсфанди Ваҳшӣ, Рено, ИМА
    • Мавзӯи ҳифзи ҳайвоноти ваҳшӣ дар сатҳи маҳалҳо дар Тоҷикистон.
  • 2019 Мизи гирд,  Шӯрои байналмилалӣ барои ҳифзи ҳайвоноти ваҳшӣ, Даллас, ИМА
    • Мавзӯи ҳифзи ҳайвоноти ваҳшӣ дар сатҳи маҳалҳо дар Тоҷикистон
  • 2018 Тиҷорати ғайриқонунии ҳайвоноти ваҳшӣ, Конфронси байналмилалӣ, Лондон, БК
    • Муҳокимаи тиҷорати ғайриқонунии ҳайвоноти ваҳшӣ дар Осиёи Марказӣ
  • 2018 Нишасти машваратии IUCN SULi Осиёи Марказӣ дар Қирғизистон
    • Кумитаи роҳбарикунанда
    • Пеш бурдани нишаст.
  • 2016 Мизи гирди байналмилалӣ оид ба истифодаи устувор ва ҳифзи ҳайвоноти ваҳшӣ дар Тоҷикистон
    • Кумитаи роҳбарикунада
    • Академияи Илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • 2015 Идоракунӣ ва ҳифзи ҳайвоноти ваҳшӣ дар Осиёи Марказӣ: Ҳамакории минтақавӣ ва шарикии байналмилалӣ, Ашқобод, Туркманистон
    • Ҳифзи бабри барфӣ ва ҷуфтсумони кӯҳӣ дар Тоҷикистон ва Қирғизистон.

 

НАШРИЯ

  • С. Мишел, Т. Розен-Мишел, Каримов Х, Алидодов М, ва Холматов И. (2014) Бузи кӯҳии морхур дар Тоҷикистон: Ҳолати саршумори он ва мушкилот барои ҳифзи он. Oryx. 49(3): 506-513. doi:10.1017/S0030605313000860
  • Каримов Х., Качел С, ва Ҳаклендер К (2018) Вокуниши бабрҳои барфӣ, гургҳо ва ҷуфтсумони ваҳшӣ ба чарогоҳи чорвои хонагӣ дар минтақаи сахт муҳофизатшудаи Зоркул, Тоҷикистон. PLoS ONE 13 (11): e0208329.

 

ТАШАББУС ВА УЗВИЯТ

  • IUCN/SSC Caprinae SG, IUCN/SSC Bear SG, IUCN/SSC Cat SG, IUCN SULi SG
  • Роҳбари ҳайати Тоҷикистон аз Шӯрои Байналмилалии Ҳифзи Ҳайвоноти ваҳшӣ (CIC).
  • Шӯрои машваратии ҳифзи Далас Сафари Клуб.
  • Шӯрои машваратии лоиҳаи бабри барфӣ дар Тоҷикистон барои Бунёди Оқохон.
  • Роҳбари ташаббуси Осиёи Марказӣ оид ба ҳайвоноти ширхур дар доираи Конвенсияи ҳифзи намудҳои ҳайвоноти ваҳшии ҳиҷраткунанда

ҶОИЗАҲО

  • Ҷоизаи Петер Капстик Ҳатавей оид ба мероси шикор 2018 (номинатсияи инфиродӣ)
  • Ҷоизаи барномаи хатмкунандаи Каплан 2014 (номинатсияи инфиродӣ)
  • Ҷоизаи Морхур CIC 2014 (номинатсияи лоиҳа)
  • Ҷоизаи стипендияи Менделеев “Беҳтарин донишҷӯи кишварҳои собиқи ИҶШ” 2008 (номинатсияи инфиродӣ).