Пешниҳодҳои шикор

Шикори устувор ва хуб ба роҳ мондашуда бахши муҳими равиши  Оксус Холдинг барои муҳофизати ҳайвоноти ваҳшӣ ба шумор меравад. Шикори варзишие, ки аз ҷониби шикорчиёни хориҷӣ гузаронида  мешавад метавонад  барои ҳифзи ҳайвоноти ваҳшӣ дар ҳудуди муҳофизатгоҳҳо маблағҳои заруриро таъмин намуда, тавассути сармоягузории лоиҳаҳои рушд дар ҷомеа  мардумро барои ҳифзи ҳайвоноти ваҳшӣ ҳавасманд намояд. Шикоре ки, аз тарафи Оксус Холдинг тарғиб карда мешавад тибқи усулҳои шикори муҳофизатӣ роҳандозӣ мешавад. Махсусан тавассути муқарраркунии саҳмия (квота) ва интихоби ҳайвоноти ваҳшӣ он тавре сурат мегирад, ки он ба шумораи ҳайвоноти ваҳшӣ, сохтори демографӣ ва ирсии онҳо таъсири камтар дошта бошад. Оксус Холдинг танҳо шикори одилонаи таъқибии ҳайвоноти ваҳширо дар табиат пешниҳод мекунад ва аз шикор дар муҳити пушида ва ҳайвоноти парваришёфта ва озодшуда худдорӣ мекунад. Оксус Холдинг ба беҳдошти ҳайвонот ва ахлоқи  шикор аҳамият медиҳад.  

Дархост

Пешниҳодҳои сайёҳӣ

Муҳофизатгоҳҳое, ки аз тарафи шарикони Оксус Холдинг идора карда мешавад имкониятҳои хуби сайёҳӣ пешниҳод мекунанд. Новобаста аз ташрифи кутоҳмуддат ё дарозмуддат, сайёҳон метавонанд дар шикоргоҳ аз табиат ҳаёти ҳайвоноти ваҳшӣ ва суҳбат бо мардуми маҳаллӣ ҳаловат баранд. Онҳо инчунин метавонанд парандахои гунонунро тамошо ва ҳаёти ҳайвоноти ваҳширо мушоҳида ва аксбардорӣ кунанд.

Дархост